Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Митинги Хоруғ мавқуф гузошта шуд


Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси ҲСДТ

Шӯрои сиёсии ҲСДТ бо як қарори худ баргузор намудани гирдиҳамоӣ дар шаҳри Хоруғ дар таърихи 8-уми апрелро муваққатан мавқуф гузошт.

Алим Шерзамонов, раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон, изҳор дошт, ки онҳо баргузории гирдиҳамоиро, ки қарор буд ин ҳизб ва ҷонибдорони он 8-уми апрел дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, доир кунанд, ба муддати ду моҳ мавқуф мегузоранд.
Раиси бахши вилоятии ҲСДТ инчунин гуфт, ки чунин тасмим ахиран таҳти фишорҳои зиёд ва мулокоти намояндагони ин ҳизб ва кумитаи ҷамъиятии маҳаллаҳои шаҳр бо Ҷӯрахон Кабиров, муовини сардори Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Қодир Қосим, раиси ВМКБ гирифта шудааст.
Раиси бахши вилоятии Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон афзуд, ки дар ин мулоқот онҳо номгӯи пешниҳодҳои хешро ироъа кардаанд, ки муҳтавои онҳо таҳия ва ба тасвиб расондани қонуни нави конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба "Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон", даъвати Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси Миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон ва лағви қарори оид ба таъвили деҳоти ноҳияи Дарвоз ба Тавилдара, таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ ва таъсиси гурӯҳи ҳуқуқшиносӣ дар Донишгоҳи Хоруғ будааст.
Алим Шерзамонов ҳамчунин изҳор кард, ки онҳо дар мулоқот гуфтаанд, ки дар сурати иҷро нагардидани талабҳояшон дар тӯли ду моҳ эшон азхуқуқи баргузории гирдиҳамоӣ истифода хоханд кард. Ба тазаккури ӯ, дар мулоқот намояндаи кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ масъалаи истеъфои додситони Бадахшонро талаб кардааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG