Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги хунини нерӯҳои ироқӣ ва тундравон


Нерӯҳои ҳукуматии Ироқ бо ҳимояти сарбозони амрикоӣ имрӯз дар маҳалли Шаҳри Садри Бағдод бо тундравони шиъамазҳаб даргир шудаанд. Ба иттилоъи масъулони бемористонҳои пойтахти Ироқ, дар ин набардҳо, ки як ҳафта баъд аз дастури оташбаси рӯҳонии шиъамазҳаб Муқтадо Садр сар зад, дасти кам 25 нафар кушта ва 100 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Рӯзи якшанбе бар асари ҳамлаҳои мушакӣ дар шаҳри Бағдод се сарбози амрикоӣ кушта ва 31 тани дигари онҳо маҷрӯҳ шуданд. Айни ҳол ба иттилоъи хабаргузориҳо, Нурӣ Ал Моликӣ нахуствазири Ироқ гуфтааст, ки агар Муқтадо Садр артиши маҳдии худро пароканда накунад, созмонаш аз ширкат дар ҷараёнҳои сиёсӣ маҳрум карда мешавад.

XS
SM
MD
LG