Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳистон -- омодаи гуфтушунид бо Русия


Лаҳистон гуфтааст, омодааст, бо Русия дар бобати сипари зиддмушакии Амрико дар Аврупо вориди гуфтугӯ шавад. Ноиби вазири умури хориҷии Лаҳистон, Витолд Важшиковски мегӯяд, кишвараш омодааст, шеваҳои гуногуни дастрасии Русияро ба аносири ин сипар баррасӣ кунад, вале ситоди доимии Русия дар ин ҷо ғайримумкин аст. Изҳороти Лаҳистон дар ҳоле садо дод, ки президентҳои Амрико ва Русия Ҷорҷ Буш ва Владимир Путин дар Сочӣ ба мушоҳидаи Русия аз сипари зиддимушакӣ ризоият доданд.
XS
SM
MD
LG