Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падруди Буш ва Путин


Дар мулоқоти Сочӣ раҳбарони ИМА ва Русия натавонистанд ихтилоф рӯи барномаи бунёди сипари зиддимушакии ИМА дар Аврупои шарқиро аз байн баранд, вале дар поёни нишаст президенти Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш дар эъломияе имзо гузошта, мувофиқат карданд, ки баҳри ҳалли он талош варзанд. Мулоқот дар канори баҳри Сиёҳ охирин дидори Путину Буш дар курсии раҳбарони ду кишвар номида мешавад.

Дар нишасти матбуотии поёни музокирот бо президенти ИМА Ҷорҷ Буш раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт:

"Дар ҳақиқат мо аз имкон истифода бурдем, то содиқона бидуни протокол ҳамаи масъалаҳои доғ ва қабл аз ҳама он мушкилиҳоеро, ки назми дарозмуддати стратегӣ ва амнияти байналмилалӣ рӯи он такя мекунанд, баҳс намоем. Пинҳон намекунам, яке аз масъалаҳои душвортарин бунёди сипари зиддимушакӣ дар Аврупо буд ва ҳамоно боқӣ мемонад. Баҳс рӯи истифодаи таъбирҳо ва лаҳни дипломатӣ набуда, балки дар моҳияти он аст. Мехоҳам маро дуруст фаҳманд: Мавқеи усулии мо дар мавриди барномаҳои амрикоӣ тағйир наёфтааст."

Аммо бо ишора ба пешниҳодҳои эҷоди эътимоди миёни тарафайн Путин гуфт, ки ӯ "хушбинии муҳтотона" дорад ва агар ин пешниҳодҳо иҷро шаванд, василаи муҳими қобили истифода хоҳанд буд. Ба қавли Путин, ихтилоф рӯи созиши назорати аслиҳаи ҳаставӣ низ ҷой дорад. Вале ду раҳбар дар мавриди чорчӯби стратегии танзимкунандаи равобити ИМА ва Русия мувофиқат карданд.

Президент Буш иқрор кард, кори зиёде дар пеш аст, то Маскав мутмаин гардад, ки сипари зиддимушакӣ бар муқобили Русия нест. Ӯ афзуд:

"Мо вақти зиёдеро ба хотири аз байн бурдани назарҳои давраи Ҷанги Сард дар равобитамон масраф намудем. Ҷанг тамом шуд. Ва ҳоло дар равобити мо суоли асосӣ ин аст, ки оё мо метавонем ҳамкорӣ намуда, ҷанги сардро пушти сар кунем?"


Дар эъломияи муштараки Буш ва Путин назари мухталифи ҷонибҳо ба тавсеаи паймони НАТО дар самти шарқ сабт гардид.

Дар нишасти солонаи раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО дар Бухарест, ки аз 2 то 4-уми апрел идома дошт, масъалаи вуруди Украина ва Гурҷистон ба узвияти Нато ҳалли худро пайдо накард. Русия изҳор намудааст, ки вуруди ду кишвари собиқ Шӯравӣ ба НАТО-ро ҳамчун таҳдид арзёбӣ хоҳад кард. Дар Бухарест аъзои НАТО аз барномаи бунёди сипари зиддимушакӣ дар Аврупои шарқӣ пуштибонӣ карданд.

Президенти ИМА мулоқоти ҷудогона бо президенти мунтахаби Русия Дмитрий Медведев доир намуда, иброз дошт, ки аввалине эҳсосаш аз мулоқот мусбат аст.

XS
SM
MD
LG