Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вашингтон ҷонибдори ҳалли дипломатии баҳс бо Эрон


Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс бори дигар такрор кардааст, ки Вашингтон ҷонибдори ҳалли дипломатии баҳс бо Эрон аст. Як мансабдори баландпояи амрикоӣ мегӯяд, Гейтс ин суханонро дар Умон аснои сӯҳбат бо раҳбари ин кишвар султон Қобус бин Саид изҳор намудааст. ИМА Эронро бо кӯшиши тавлиди силоҳи ҳаставӣ ва ҳамчунон ноором намудани Лубнон, Ироқ ва Афғонистон муттаҳам мекунад. Эрон ин айбномаро қабул надорад.
Гейтс дувумин раҳбари баландмартабаи амрикоист, ки моҳҳои ахир аз Умон ӯиёрат мекунад. Моҳи март ноиб-президенти ИМА Дик Чейнӣ ба минтақаи Халиҷ сафар намуда, ба Умон ташриф оварда буд.
XS
SM
MD
LG