Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш умед дорад, ки бо Медведев ҳамкорӣ мекунад


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш, ки феълан дар шаҳри Сочии Русия бо президенти ин кишвар Владимир Путин музокирот пеш мебарад, мегӯяд, ӯ бовар дорад, ки бо раисҷумҳури ояндаи Русия низ ҳамкорӣ хоҳад кард. Ҷорҷ Буш гуфт, ӯ умед дорад, ки бо Дмитрий Медведев "мушкилиҳои умумӣ"-ро ҳал мекунад. Дар вохӯрии имрӯза Дмитрий Медведев низ ҳузур дорад. Ба қавли Медведев дар рушди ҳамкориҳои Русия ва ИМА президентҳо Путин ва Буш кори бузургеро ба анҷом расондаанд ва ӯ мехоҳад кори онҳоро идома диҳад. Дар мулоқоти Сочи барномаи бунёди сипари зиддимушакии ИМА дар Аврупо ва "чорчӯби стратегӣ"-иравобити ояндаи ИМА ва Русия баррасӣ мешавад. Русия ба мухолифи бунёди сипари зиддмушакӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG