Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот бар зидди пешвои яҳудиёни Узбакистон


Рӯзи шанбе вазорати адлияи Узбакистон изҳор дошт, ки саъй мекунад, муҷаввизи фаъолияти хохом Абе Давид Гуревич: сарвари ҷумбиши Лубавитсро лағв намояд. Ба гуфти вазорат ин рӯҳонии яҳудӣ қонунҳои маҳаллиро поймол кардааст.
Вазорати адлияи Узбакистон мегӯяд, ҷумбиши Гуревич дар як унвонӣ сабти ном шуда, дар манзили дигаре тоату ибодатро ба ҷо меорад.
Мансабдорони вазорат таъкид кардаанд, ки ҷумбиши Лубавитс фаъолияти молиашро дар ҳеҷ ҷо сабт намекунад ва худи Гуревич иброз доштааст, ки қонунҳои Узбакистон ба ӯ дахл надоранд.
XS
SM
MD
LG