Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари хуш барои паноҳандагони афғон


Кумиссариёи Олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, ҳудуди 1000 нафар паноҳандаи афғон, ки тайи 20 дар Тоҷикистон ба сар мебурданд, акнун метавонанд, ҳаққи иқомат ва шаҳрвандии Тоҷикистонро бигиранд. Созмони Милал рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки эъломияи расмӣ дар ин мавридро Ҳамроҳхон Зарифӣ ва Антонио Гутерреш - Кумиссари олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон дар шаҳри Душанбе имзо кардаанд. Антонио Гутерреш бо сафари чаҳоррӯзае вориди Тоҷикистон шуд ва бо мақомоти ин кишвар ва паноҳандагону намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ сӯҳбат кард.

XS
SM
MD
LG