Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш дигарбора аз Украинаву Гурҷистон ҳимоят кард


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш бори дигар аз НАТО даъват кард, ба ҷараёни қабули Украина ва Гурҷистон ба ҳайъати ин паймони низомӣ оғоз бахшанд.

Ҷорҷ Буш чанд соат пеш аз оғози кори нишасти сарони НАТО дар Бухарест гуфт, Украина ва Гурҷистон барои пайвастан ба узвияти НАТО омодаанд ва ин паймон бояд, бо сарфи назар аз мавзеъи Русия, дарҳояшро ба рӯи ҳамаи кишварҳои Аврупо боз бигузорад. Буш ҳамчунин аз НАТО хост, ба Афғонистон нирӯи бештар бифиристад.

Раисиҷумҳури Амрико гуфт, ки ӯ бар тааҳҳуди худ ҷиҳати бунёди сипарҳои зиддимушакӣ дар Аврупо ҳамчунон содиқ боқӣ мемонад. Русия ба ин барномаи Амрико низ мухолиф аст.

XS
SM
MD
LG