Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши буруноӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ


Ҳукумати раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш ҷиҳати баромадан аз буҳрони иқтисодӣ
ислоҳоти умдатарини низоми молӣ аз замони фурупошии бурси саҳҳом ва арзи соли
1929-ро пешниҳод кард.

Ба думболи фурупошии бозори қоғазҳои қиматбаҳои соли 1929, Амрико ба коми
буҳрони иқтисодии молии бесобиқа, ки ҳамчун “Афсурдагии бузург” маъруф аст,
фуру рафта буд, ки чанд сол давом кард.

Тарҳи ҳукуматро вазири молияи ИМА Ҳенри Паулсон зимни суханрониаш дар
Вашингтон муаррифӣ намуд:

“Агар бахши хусусии ниҳодҳои молӣ тағийр наёбанд, онҳо ақибмонда мегарданд.
Сохтори танзимии мо низ ба ислоҳот ниёз дорад. Он бояд тавре таҷдид шавад то ки
қобилият пайдо кунад ба талаботи имруза ҷавоб дода тавонад. Азбаски мо ин давраи
мушкилиҳои бозориро аз сар мегузаронем, мо бояд корро аз навсозӣ ва ислоҳоти
ҷиддии сохтор оғоз кунем. Анҷоми ин кор аз мо солҳои зиёд, муомилаи бузург ва
баҳсҳои зиёдро талаб хоҳад кард.”

Агар лоиҳаи пешниҳодгашта қабул шавад, ба Бонки марказии Амрико ҳаққи бештар
дода мешавад. Ҳамин тавр, Бонки марказӣ барои муҳофизати тамоми низоми молии
кишвар неруи бештаре касб хоҳад кард ва ба ягона ниҳоде табдил мегардад, ки
қобилияти идораи фаъолияти ҳаррузаи бонкҳоро дошта бошад. Дар айни ҳол,
панҷ оҷонси давлатӣ ин назоратро ба зимма доранд.

Барои амали шудан ин пешниҳоди ҳукумат бояд дар конгресси ИМА ба тасвиб расад.
Лоиҳаи ҳукуматӣ аллакай аз ҷониби намояндагони ҳизби демократии Амрико
мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Онҳо бар ин ақидаанд, ки чораҳои
пешниҳодшуда нокофианд ва наметавонанд мушкилиҳои мавҷуда дар бозори
вомҳои манзилӣ ва амниятӣ тиҷоратиро ҳал кунанд.

XS
SM
MD
LG