Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши ҷиддии Буш барои Гурҷистон ва Укроин


Намояндаи аршади Кохи сафед гуфтааст, Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Даблю Буш қарор аст, дар нишасти сарони НАТО дар Бухорест, ҷалби Укроин ва Гурҷистонро ба узвият дар паймон ба таври ҷиддӣ дар миён гузорад. Мушовири амнияти миллии Амрико, Стефан Ҳодлӣ гуфт, кишвараш хушназарии кишварҳои узвро бисёр ва бисёр муҳим медонад, ки Гурҷистону Укроинро ба узвият дар паймон ҳавасманд кунанд. Вай инчунин изҳори эътимод кард, ки НАТО дар ин нишаст аз афзоиши ҳузури хеш дар Афғонистон хабар хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG