Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минтақаи сабзи Бағдод мушакборон шуд


Имрӯз минтақаи сабзи Бағдод, ки дар он идораҳои давлатии Ироқ ва сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ҷойгир мебошанд, ҳадафи оташи мушак ва хумпора қарор гирифт. То ҳол дар бораи талафот хабаре нашр нашудааст.
Як рӯз пеш аз он рӯҳонии шиамазҳаб Муқтадо Ас-Садр ба артиши Маҳдии зери раҳбариаш фармон дод, ки аз кӯчаҳои Бағдод, Басра ва дигар шаҳрҳои ҷанубии Ироқ берун шаванд. Бар асари бархӯрдҳои шаш рӯзи ахир миёни нерӯҳои ҳукумати Ироқ ва гурӯҳҳои ниманизомии мусулмонони шиамазҳаб беш аз 240 кас ба ҳалокат расиданд. Имрӯз мақомоти Ироқ қуйуди шабгардӣ дар Бағдоду Басраро қисман лағв намуданд.
XS
SM
MD
LG