Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машъали олимпӣ ба Пекин расид


Ҳавопаймои чиноии ҳомили машъали олимпӣ дар фурудгоҳи Пекин нишаст. Ин машъал дирӯз дар Афин, пойтахти Юнон, расман ба мақомоти чиноӣ супурда шуд. Дар пайи намоишҳои эътирозие, ки дар ҳафтаи гузаштамаросими дар кӯҳи Олимп фурӯзон кардани машъали олимпиро ҳамроҳӣ мекард, дар Пекин табодири шадиди амниятӣ ба роҳ андохтаанд.
Машъали олимпӣ ҳамагӣ як рӯз дар Пекин, макони баргузории Бозиҳои имсолаи тобистонаи олимпӣ, хоҳад монд ва сипас ба саёҳати 20 кишвари дунё мебарояд. Машъали олимпӣ баъд аз ин саёҳати тӯлонӣ ба Пекин баргашта, рӯзи 8 август дар маросими гушоиши расмии Бозиҳои Олимпӣ дар варзишгоҳи марказии пойтахти Чин фурӯзон карда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG