Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҷаҳонии тағйири иқлим дар Таиланд


Донишмандон ва мақомот аз саросари ҷаҳон тайи ин ҳафта дар Таиланд барои нахустин бор ба музокироти расмӣ ба манзури таҳияи созишномаи наве шурӯъ мекунанд, ки бояд то поёни соли 2009 ҷойи созишномаи Киоторо бигирад.

Созишномаи Киото фарогири тадобири байналмилалӣ ба хотири муқобила бо тағйири иқлим буд.

Ҳамаи кишварҳои музокиракунанда, бо шумули Амрико, мӯътақиданд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз фоҷиъаи зистмуҳитӣ бояд мизони партоби газҳои гулхонаиро коҳиш дод. Вале партобкунандагони бузурги чунин газҳо то ҳол бар сари ин ки ба ин ҳадаф чӣ гуна мешавад расид, ихтилофи назар доштаанд.

XS
SM
MD
LG