Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни "уштурони зеботарин" дар Абу Забӣ


Беш аз 10 000 уштур аз кишварҳои халиҷи Форс рӯзи 2 апрел дар Абу Забӣ дар як озмуни зебоӣ ба хотири касби номи “зеботарин уштур” вориди рақобат хоҳанд шуд.

Ин озмун ҷузъе аз ҷашнвораи уштурҳост, ки ба манзури ҳифзи мероси фарҳангии минтақа баргузор мешавад.

Дар озмуни зебоии Абу Забӣ уштурон аз Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Умон, Кувайт ва кишварҳои дигари ҳошияи халиҷ ширкат меварзанд. Маблағи умумии ҷавоизи ин озмун 9,5 миллион долларро ташкил дода, барои барандагони озмун 100 мошин низ ба ҳайси ҷоиза ҷудо шудааст.

XS
SM
MD
LG