Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодаи нави СММ вориди Кобул шуд


Кей Эйде-фиристодаи нави СММ барои Афғонистон рузи ҷумъа вориди Кобул шуд. Оқои Эйде-намояндаи собиқи Норвеж дар паймони НАТО дар мақоми фиристодаи СММ дар Кобул Том Конигзро иваз мекунад. Номзадии Эйде ба ин мақом замоне пазируфта шуд, ки Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ба номзадии Пэддӣ Ашдавн-шаҳрванди Бритонё ризоят надод. Фиристодаи нави СММ дар фурудгоҳи Кобул ба хабарнигорон қавл дод, ки ҳамкорӣ бо ҳукумати Афғонистонро беҳбуд мебахшад.
XS
SM
MD
LG