Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон чӣ қадар тило дорад?


Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои дунё аз ҷиҳати захоири арзу тило (як тоннаву 700 кило) як мавқеъ поин рафта, ҷои 92-юмро гирифтааст.

Бино ба гузориши Маркази таҳқиқотии Шӯрои ҷаҳонии тило, ки феҳрасти кишварҳои оламро аз ҷиҳати захоири арзу тилло мураттаб кардааст, дар қиёс бо як соли пеш захоири арзу тилоии Тоҷикистон 100 кило афзудааст.

Агар соли қаблӣ ин захира 1 тоннаю 600 килоро ташкил додааст, имсол он ба 1 тонаю 700 кило баробар шудааст. Аммо дар ҳоле захоири арзию тиллои Тоҷикистон каме афзудаааст, ки ин кишвар дар феҳрасти мазкур дар қиёс бо як соли пеш 1 зина поин рафтааст. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин феҳраст дар ҷои 91-ум қарор дошт.

Ба андешаи коршиносон, ба чӣ ҳаҷме захираи арзу тиллои Тоҷикистон бештар бошад, ҳамон қадар қурби пули миллӣ устувортар мегардад. Одил Олишоев, коршиноси мустакил мегуяд, давлат дар баробари афзоиши тавлидоти нохолиси миллӣ бояд захоири тиллоро дар бонки марказиаш афзоиш бидиҳад. Ба эътиқоди оқои Олишоев, Тоҷикистон аз захоири табии тило ғанӣ буда, имкони афзоиши захираи тилоро дар бонки миллӣ доштааст, аммо кам коркард шудани тило ва кам будани афзоиши ҳаҷми тавлидоти нохолиси миллӣ дар баробари таварум ин имконро аз байн бурдааст.

Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон солона тавлиди тилло беш аз 4 тона, афзоиши тавлидоти нохоли миллӣ 8 дарсад ва ҳаҷми таварум 24 дарсадро ташкил медиҳад.

Коршиносон мегӯянд, як зина поин ҷой гирифтани Тоҷикистон дар феҳрасти Маркази таҳқиқотии Шӯрои ҷаҳонии тилло маънои онро дорад, ки захираи тиллои ин кишвар дар Бонки Миллӣ дар баробари захираҳои тиллои кишварҳои дунё афзоиши бештаре пайдо накардааст.

Захоири тиллои Тоҷикистон дар қиёс бо мамолики ҳамсояаш хело ночиз будааст. Масалан, дар феҳрасти мазкур Қазоқистони ҳамсоя бо ҳудуди 67, 7 тонна захираи тило дар зинаи 40-ум ва Қирғизистон бо 2.6 тона тилло дар ҷойи 84-ум қарор дорад. Дар феҳрасти мазкур Амрико бо беш 8 ҳазор тонна тилло дар ҷои аввал қарор дорад.

XS
SM
MD
LG