Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руминия аз азми Киеву Тифлис ба НАТО ҳимоят кард


Раисиҷумҳури Руминия Траян Басеску аз паймони низомии НАТО даъват кард, бо Украина ва Гурҷистон ҳамкории зичтаре ба роҳ андозад. Киеву Тифлис умедворанд, ки ҳафтаи оянда дар нишасти сарони НАТО дар Бухарест ба барномаи узвияти ин паймон бипайванданд.

Басеску ин ақидаро, ки пешниҳоди ин барнома ба 2 ҷумҳурии шӯравии пешин Маскавро ба хамш хоҳад овард, радд кард. Раҳбари Руминия ҳамзамон хостори рушди ҳамкориҳои НАТО бо Русия шуд ва гуфт, он кишвар дар таъмини амнияти минтақа ва ҷанги ҷаҳонӣ алайҳи террор нақши муҳим дорад.

Дар ҳоле ки Амрикову Канада ва кишварҳои Аврупои Шарқӣ аз пайвастани Украинаву Гурҷистон ба барномаи узвияти НАТО пуштибонӣ мекунанд, боқӣ аъзои ин паймони низомӣ роҷеъ ба ин масъала назари воҳид надоштаанд.

XS
SM
MD
LG