Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳибони Тибет ба рӯзноманигорон шикоят карданд


Назар ба гузоришҳои расида, роҳибони буддоӣ сафари рӯзноманигорони хориҷӣ ба Тибетро барҳам заданд.
Гуфта мешавад, роҳибон ба хабарнигори Ассошиэйтед пресс ва рӯзномаи амрикоии "USAToday" иброз доштаанд, ки дар Тибет озодиҳои динӣ риоят намешаванд.
Ҳамчунон роҳибон гуфтаанд, ки пешвои рӯҳонии буддоиҳои Тибет Далай Лама дар хушунатҳои ахири ин минтақа ҳеҷ саҳме надорад.
Ҳукумати Чин мегӯяд, хушунатҳои 14-уми мартро Далай Лама ва паӣравони ӯ раҳандозӣ кардаанд, то омодагиҳои Чин барои бозиҳои олимпии тобистони соли равонро барҳам зананд.
Мақомоти Чин эътирози роҳибони буддоиро бо истифода аз нерӯ хомӯш карданд.
Сафари рӯзноманигорони хориҷӣ ба маркази Тибет шаҳри Лҳасаро ҳукумати Чин ташкил карда буд, то нишон диҳад, ки минтақа комилан ором аст.
XS
SM
MD
LG