Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ имрӯз дар Маскав бо Лавров мулоқот мекунад


Имрӯз, 27 март, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар шаҳри Маскав бо ҳамтои русаш Сергей Лавров мулоқот мекунад. Дар баёнияи вазорати хориҷии Русия гуфта мешавад, ки тарафҳо масоили доғи марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баҳс ва ҳамчунин пиромуни масоили байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибайн табодули назар хоҳанд кард.
Ҷузъиёти дигари дастури кори ин мулоқот нашр нашудааст.

Тоҷикистон Русияро умдатарин шарики стротегии худ мешиносад, вале ахиран байни ду кишвар бар сари чанд масъалаи марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ихтилофи назар пеш омадааст, ки ғолибан имрӯз дар Маскав баҳс хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG