Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш дар авоили апрел ба Русия сафар мекунад


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, ба дунболи ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви паймони низомии НАТО, ки аз 2 то 4 апрел дар Бухарест доир мешавад, ӯ ба Русия сафар хоҳад кард. Ҷорҷ Буш гуфт, умедвор аст, ки бо ҳамтои русаш Владимир Путин пиромуни чанд масъалаи, ба гуфтаи вай, “хеле муҳим” ба тавофуқ даст хоҳад ёфт.

Буш гуфт, президенти Русия аз вай хостааст дар пайи нишасти Бухарест аз Русия боздид кунад ва ҷузъиёти ниҳоии ин сафар ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Боздид аз Русия ба президенти Амрико имкон медиҳад, бо Дмитрий Медведев, ки моҳи май ба курсии раёсати ҷумҳурии Русия хоҳад нишаст, низ мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG