Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алиевро дар ғайбаш маҳкум ба зиндон карданд


Додгоҳи низомии Қазоқистон Роҳат Алиев, домоди собиқи президент Нурсултон Назарбоевро дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ муттаҳам кард. Мурофиаи додгоҳӣ дар ғайби Роҳат Алиев сурат гирифт. Роҳат Алиев, собиқ сафири Қазоқистон дар Австрия ҳамроҳ бо Алнур Мусоев, раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ҳамчунин дар сӯиистифода аз вазифа, яғмои моликияти давлатӣ ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ муттаҳам мешаванд. Додгоҳи низоми онҳоро ба мӯҳлати 20 солӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Роҳат Алиев ва Алнур Мусоев айни ҳол дар Вена, пйотахти Австрия ба сар мебаранд. Роҳат Алиев қаблан изҳор дошт, ки таъқиби мақомоти Қазоқистон ангезаи сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG