Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як яхи бузург аз Антарктика канда мешавад


Донишмандон мегӯянд, як пораи бузурги ях аз Антарктикаи саросар яхбаста дар ҳоли кандашавист. Масоҳати ин пораи ях, ки аз минтақаи яхбастаи Вилкинс канда мешавад, тақрибан 415 километри мураббаъ ҳисоб шудааст.

Донишмандон аз Маркази пажӯҳиши барфу ях дар донишгоҳи Колорадои Амрико мегӯянд, ин кӯҳи яхин метавонад баъдан ба чанд пораи дигар низ таҷзия шавад.

Дейвид Вон аз маркази бритониёии таҳқиқи Антарктика ба хабарнигорон гуфт, таҷзияи ин бахш аз минтақаи яхбастаи Вилкинс эҳтимолан пайомади гармшавии ҷаҳони иқлим аст.

XS
SM
MD
LG