Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни омбудсмени Тоҷикистон имзо шуд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба чанд қонуни ҷадид, аз ҷумла қонуни омбудсмен, ё маъмури ҳуқуқи инсон, қонуни ҳипотека ва ду қонуни марбут ба фаъолияти Ожонси мубориза бо фасод ва ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон имзо кардааст. Ду қонуни ахир тобеъияти мустақими Ожонси зиддифасод ва ниҳодҳои амниятӣ ба раисиҷумҳурро пешбинӣ карда ва бар асоси қонуни маъмури ҳуқуқи инсон, омбудсмени ояндаи Тоҷикистон низ вобастаи раисиҷумҳур хоҳад буд, чунки аз сӯи президент таъйин ва барканор мешавад.

XS
SM
MD
LG