Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав садо баланд кард


Сафорати Тоҷикистон дар як изҳороти шадидлаҳн аз расонаҳои хабарии Русия талаб кардааст, тавтеъа дар атрофи номи тоҷиконро бас намоянд.

Ахиран, хабари кушта шудани хонуми тоҷик дар Маскавро сафорати Тоҷикистон дар Русия рад кард. Дар посух ба дархости сафорат мақомоти пулиси шаҳри Маскав гуфтааст, хонуми кушташуда на шаҳрванди Тоҷикистон, балки шаҳрванди Русия ва зодаи Қалмиқистон Элла Гедеева мебошад.

Дар изҳороти сафорат гуфта шудааст, бархе аз расонаҳои Русия ба хотири ҳангомаҷуӣ бидуни тафтиши воқеъияти харар онро интишор менамоянд, аз ҷумла нашрияҳои машҳуру маъруф. Ба назар чунин менамояд, ки ин интишорот ин корро ҳисобшуда ба мақсади ба вуҷуд овардани фазои таҳамулнопазирӣ дар атрофи Тоҷикистон ва муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия анҷом медиҳанд- омадааст дар изҳорот.

Сафорати Тоҷикистон дар даҳрузаи ахир бар зидди расонаҳои русие, ки дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон хабарҳои носанҷида чоп мекунанд, бори дувум аст, ки изҳорот интишор мекунад.

Ҳафтаи гузашта оҷонси давлатии Русия ИТАР-ТАСС хабар дод шаҳрванди 24 солаи Тоҷикистон Шаҳвелад Османов, ки қасди ҷони В.Путин дошт, боздошт шуд. Аммо сафорат ин хабарро рад кард ва маълум гардид, ки Шаҳвелад Осмонов шаҳрванди Русия ва зодаи Доғистони Русия аст.

Сабаби бо номи тоҷикон чоп шудани чунин хабарҳоро раиси маркази ииттилооти сиёсии Русия Алексей Мухин ба бесаводии хабарнигорон, яъне бехабарӣ аз вижагиҳои қавмҳову миллатҳо ва ба фуруши маводи мухаддир шуҳрат доштани мардуми Тоҷикистон рабт медиҳад.

Коршиноси сиёсӣ ба саволи чаро хабаргузории давлатии ИТАР- ТАСС гузориши худро, ки онро наздик ба 50 расонаи дигар такрор кардааст, рад намекунад, гуфт, фикр мекунад, ки ин шояд бемасъулиятии роҳбарии оҷонсӣ бошад.

Корманди Федератсиюни иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони корӣ дар Русия Ҳокимшоҳи Муҳаббат мегуяд, ҳадафи ангезаи зиёд дар матбуоти Русия бадном кардани муҳоҷирони тоҷик аст, то ки роҳи вуруди онҳо ба Русия баста шавад ва Тоҷикистони заъиф боз ҳам заъифтар шавад, зеро 36 дар сади даромади Тоҷикистонро муҳоҷирон таъмин менамоянд.

Лозим ба таъкид аст, ки ин хабарҳои сохта дар мавриди тоҷикон дар Русия дар замоне нашр гардид, ки муҳоҷирон дар ин кишвар Наврузро таҷлил карданд. Дар ин ҷашн мардуми таҳҷой ҳам ширкат доштанд, вале дар расонаҳои Русия дар ин маврид гузориши хондание нашр нашудааст, баръакс дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон садҳо хабари наркотикфуруш, дузду раҳзан чоп шудааст, ки воқеъият доштан ва ё надоштани онҳо вақт ва ниру мехоҳад.

XS
SM
MD
LG