Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дик Чейнӣ Ҳамосро мухолифи сулҳ медонад


Муовини раиси ҷумҳури Амрико Дик Чейнӣ имрӯз гуфт, созмони Ҳамос бо ҳимояти Сурия ва Эрон мехоҳад, музокироти сулҳ миёни Фаластиниён ва Исроилро баҳам бизанад. Дик Чейнӣ дар ин бора пас аз мулоқоташ бо Эҳуд Олмерт нахуствазири Исроил дар шаҳри Байтулмуқаддас сухан гуфт. Дик Чейнӣ, ки барои эҳёи ҷараёни сулҳи Ховари Миёна ба минтақа сафар кардааст, рӯзи якшанбе иброз дошт, ки созиши сулҳ миёни Исроилу Фаластиниён аз ҳарду тараф “гузаштҳои дардноке” мехоҳад. Вай имрӯз аз Исроил озими Туркия шуд, то бо раиси ҷумҳури ин кишвар Абдуллоҳ Гул мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG