Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волии Ҳилманд хостори музокирот бо Толибон шуд


Гулоб Мангал, волии вилояти Ҳилманди Афғонистон, гуфтааст, вай барои таъмини амнияти бештар дар минтақа аз Толибон хостаааст, ки ба музокира биншинанд. Ба гуфтаи оқои Мангал, аз ин дархост Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, низ ҷонибдорӣ кардааст. Волии вилояти Ҳилманд гуфтааст, дар ин музокирот раҳбарони воломақоми Толибон роҳ дода намешаванд, зеро онҳо бо Ал-Қоъида ҳамкорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG