Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонҳо алайҳи тавҳини Ислом эътироз карданд


Имрӯз ҳудуди 5 ҳазор сокинони Кобул, пойтахти Афғонистон дар як намоиши эътирозӣ хуруҷи неруҳои Дания ва Ҳуланд аз кишварро талаб карданд. Гирдиҳамомадагон алайҳи нашри дубораи корикатурҳои Паёмбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад дар рӯзномаҳои Дания ва таҳияи филми зидди китоби муқаддаси Қуръон аз сӯи сиёсатмадори ростгарои ҳуландӣ Герд Вилдерс эътироз намуданд. Онҳо ҳамчунин пайкараи чубини Вилдерсро ба оташ кашиданд.

XS
SM
MD
LG