Меҳмонони барномаи наврӯзӣ Алиаҳмад Мӯсоев, мураббии варзидаи гуштӣ, Маҳмуди Абдуллоҳ, олими соҳаи варзиш ва Муҳаммадшариф Сулаймонов, паҳлавони маъруфи тоҷик роҷеъ ба анъанаҳои бостонӣ ва бойи варзишии мардуми тоҷик ва навъҳои варзиши миллӣ, аз ҷумла гуштигирӣ, ибрози назар мекунанд.
Дар ин барнома, инчунин, Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар бораи чорабиниҳои варзишӣ дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз иттилоъ медиҳад.
Ҳамчунин табрикоту орзуҳои наврӯзии чеҳраҳои саршиноси варзиши тоҷик ба шунавандагони маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» пешкаш мешавад.
Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.