Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯз дар Youtube ва Google


Гугл ҳам бо тағйири ҳуруфи исми худ дар сафҳаи аввалаш Наврузро таҷлил дорад
Гугл ҳам бо тағйири ҳуруфи исми худ дар сафҳаи аввалаш Наврузро таҷлил дорад

Ҳар он чӣ Абулқосими Фирдавсӣ дар бораи Наврӯз гуфтааст, дурӯғ мебошад ва Наврӯз ҳеҷ гоҳ ҷашни форсҳо набуда балки ҷашни мардуми курд аст.

Бо чунин ҳарфҳо ва зери оҳанги зебое муаллифи навори видеоие дар сомонаи интернетии Ютюб менависад, ки форсҳо доир ба ҷашни Наврӯз дуруғ мегӯянд ва далел меорад, ки Заҳҳок - шоҳи хунхори Ошӯриёнро пас аз зулму бедодиҳояш ба зидди мардуми курд Коваи оҳангар кушт, ки ӯ ҳам курд буд.

Аммо назар ба даъвоҳо, доир ба он ки ҷашни зебои Наврӯз аз они кадом миллат аст, бештар ситоишҳо дар васфи ҷашн ва даъват барои иттиҳоди кишварҳоро мебинем, ки зери таронаҳои Наврӯзӣ навишта шудаанд.

Зери видеоклипе дар ЮТюб, ки дар он Кибриё Раҷабова овозхони тоҷик дар ҷашни Наврӯзи соли 2007 месарояд, баъзе аз бинандаҳо бо ситоиши Наврӯз ба Иттиҳоди кишварҳои форсизабон даъват мекунанд, ки даъватест барои сиёсатмадорон нохушоянд.

Аммо он чӣ ки бинандагон дар Ютюб хушоянд номидаанд, имкони дидани таҷлили Наврӯзро дар кишварҳои мухталифи дунё аст, чӣ дар Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва ё чӣ таҷлили он дар Курдистону Қазоқистону, Ӯзбакистону, Қирғизистон ва ё ҳатто Ҷопон.

Аммо барои дидани наворҳои видеоии таҷлили Наврӯз дар ин кишварҳо бояд калимаи Наврӯзро ба ҳар шакл навишт, то акаи Ютюб гумроҳ нашуда ва дуруст онҳоро пайдо кунад.

Агар ба ҳуруфи лотинӣ Наврӯз нависед, рост шуморо ба Тоҷикистон мебарад, вале агар хоҳед ҷашни Наврӯзи Эронро бубинед, пас бояд Norooz нависед. Ва агар ба хатти форсӣ нависед, феҳрасти садҳо навори видеоӣ пеши чашматон ҳувайдо мешавад.

Бо тағйир додани тарзи навишти Наврӯз, Ютюб шуморо ба Ӯзбакистон, дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мебарад, ки дар он ҷойҳо низ Наврӯзи зеборо бошукӯҳ таҷлил мекунанд.

Аммо Наврӯз дар Ютюб танҳо рақсу бозиву хушҳолӣ нест, балки агар мехоҳед доир ба суннатҳои Наврӯзӣ дар кишварҳои мухталиф пажӯҳише нависед, пас Ютюб низ метавонад, як манбаъи иттилоъ ҳам бошад. Масалан, як донишманди уйғур шарҳ медиҳад, ки суннатҳои наврӯзии ӯйғурҳо чӣ гунаанд.

Ҳатто фармудаҳои рӯҳониёни Ислом доир ба Наврӯзро, ки ин ҷашн мерос аз замони Зардуштиён аст, метавон дар Ютюб пайдо кард.

Серверҳои азими сомонаи интернетии Ютюб аз наворҳои ин ҳафтсину ҳафтшину сумалаки тоҷикиву афғонӣ холӣ нест ва зоҳиран наворҳои видеоии ба қавле Наврӯзӣ баъд аз чанд рӯзи дигар дар Ютюб бештар хоҳад шуд ва бо иҷозаи шумо бо ифтихору муболиға мегӯям, ки Ютюбро бо гулу сабзаҳои баҳорӣ ва ороишҳои дигари худ зеботар хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG