Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниши байни Амрикову Беларус амиқтар меравад


Сафорати Амрико дар Минск гуфт, баррасии дархости шаҳрвандони Беларус барои ҳаққи раводиди сафар ба Амрикоро қатъ кардааст. Ин иқдом дар идомаи таниши дипломатиест, ки дар пайи тарки Беларус кардани сафири Амрико буруз кард. Ин таниш вақте оғоз ёфт, ки Амрико алайҳи ширкати Белнефтехим таҳримот ҷорӣ карда, шаҳрвандонашро аз ҳар навъ муомила бо ин ширкати тавлидкунанда ва фурӯшандаи маҳсулоти нафтӣ манъ кард.

Минск дар авоили моҳи март ба сафири Амрико Карен Стюарт тавсия дод, қаламрави Беларусро тарк кунад. Дари н ҳафта Беларус аз сафорати Амрико дар Минск хост, шумори кормандонашро низ коҳиш диҳад.

Вошингтон низоми ҳоким дар Беларусро охирин диктотурии Аврупо меномад.

XS
SM
MD
LG