Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далай Лама хостори кӯмак дар масъалаи Тибет шуд


Далай Лама, раҳбари рӯҳонии тибетиҳо, ки дар ғурбат ба сар мебарад, аз раҳбарони ҷаҳон даъват кард, ба ҳалли баҳси Тибет аз роҳи гуфтугӯ бо Чин кӯмак кунанд.

Далай Лама аз ҷомиаи байналмилалӣ ҳамчунин даъват кард, болои Пекин фишор биоранд, то ки дар қиболи тазоҳургарони тибетӣ аз хештандорӣ кор бигирад.

Дирӯз раиси ҳизби коммунисти Тибет Жанг Қингли гуфт, набард бо Далай Лама пиромуни сарнавишти Тибет барои давалти Чин як масъалаи, ба гуфтаи ӯ, “ҳаёт ё мамот” аст.

Ва аммо дар ҳамин ҳол, сарвазири Бритониё Гордон Браун гуфтааст, ки Пекин барои гуфтугӯ бо Далай Лама роҷеъ ба ояндаи Тибет изҳори омодагӣ кардааст.

Дар ҷараёни ошӯбҳои ахир дар Тибет, ба ҳисоби мухолифини тибетӣ, то 100 нафар кушта шуданд. Вале Чин ҳалокати танҳо 13 нафарро таъйид мекунад.
XS
SM
MD
LG