Имруз Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико дар робита бо панҷумин солгарди оғози ҷанги Ироқ дар пентагон, дар вазорати дифоъи кишвараш суханронӣ кард. Вай чунин гуфт:
"Аз ҷанг панҷ сол мегузарад, мунозираҳои қобили дарк вуҷуд дорад, ки оё ин ҷанг зарур буд, оё задухурдҳо ба пирузӣ мебарад ва ё мо метавонем дар он пируз шавем. Ҷавоб барои ман рушан аст. Барканории Саддом Ҳусейн аз қудрат тасмими дуруст буд ва ин муборизаест, ки Амрико метавонад анҷом диҳад ва пируз шавад".
Буш дар ҷараёни суханронии худ аз ононе интиқод кард, ки то ҳол мехоҳанд дар баробари пешрафтҳои бидуни шак ақибнишинӣ кунанд.