Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони амрикоӣ муҳофизакор мешаванд


Хабаргузории Ассошиейтед Пресс зимни як таҳлиле дарёфтааст, ки теъдоди чашмгири аъзои ҷавони Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико муҳофизакор мебошанд. Таҳлили пурсишҳо ҳангоми интихоботҳои муқаддамотии соли 2008 нишон додааст, ки тарафдорони то 30-солаи ҷумҳурихоҳон дар муқоиса ба ҷумҳурихоҳони бузургсол муҳофизакортар будаанд.

Масалан, аксари ҷумҳурихоҳони то 30-сола мухолифи масъалаи аборт ва ё исқоти ҳамл будаанд, ҳарчанд мухолифони исқоти ҳамл дар байни ҷумҳурихоҳони бузургсол камтар будааст. Ҳамчунин, аксари ҷавонони ҷумҳурихоҳ гуфтаанд, ки мехоҳанд он касро раисҷумҳур интихоб кунанд, ки ба андешаву афкори онҳо мувофиқ бошад, ҳарчанд ҷумҳурихоҳони куҳансол тарафдори интихоби шахси ботаҷриба ба мақоми раисҷумҳур будаанд.

Дар маҷмӯъ, зимни таҳлили хабаргузории Ассошиейтед Пресс ошкор шудааст, ки ҷавонони аз 18 то 24-солаи тарафдори ҷумҳурихоҳон аз табақаҳои калонсолтар дида, муҳофизакортар будаанд.

Тара Гоулдинги 20-сола аз Донишгоҳи Техас гуфтааст, ки нисбат ба номзад ба мақоми раисҷумҳури Амрико аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн эҳтироми зиёд дорад. Аммо профессори улуми сиёсӣ Майкл Макдоналд ба Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки барои Ҷон Маккейн ба даст овардани дили ҷавонон мушкил хоҳад буд, зеро ҷанги Ироқ обрӯи Ҳизби Ҷумҳурихоҳонро дар байни ҷавонон бисёр кам кардааст.

Дар маҷмӯъ, бар асоси таҳлилҳои маркази мутолиотии Пю дар Амрико тарафдорони ҷавони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар Амрико аз соли 1990 ин тараф камтар шуда ва баръакс теъдоди ҷавонони тарафдори Ҳизби Демократ афзудааст. Ҳарчанд ин падидаро баъзе аз ҷавонони тарафдори Ҳизби Ҷумҳурихоҳ эътироф кардаанд, аммо ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтаанд, ки бо бузургтар шудан он ҷавонон ақоиди худро дигар мекунанд, зеро ба арзишҳои воқеъии Ҳизби Ҷумҳурихоҳ сарфаҳм хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG