Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир: "Баъзан ҳарфи мақомот аз мардум фарқ мекунад"


Сафири Бритониё ба ҳини сафараш ба Кӯлоб
Сафири Бритониё ба ҳини сафараш ба Кӯлоб

Ба зимистони шадид ва пурбарф ағлаби сокинони Тоҷикистон ва мақомоти масъул омода набуданд. Буҳрони энержӣ дар кишвар шароити иҷтимоии мардумро ба маротиб бадтар кард. Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи раҳоӣ аз буҳрони энержӣ ва осон кардани зиндагии мардум аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ дасти мадад хост. Ба посухи дархости Тоҷикистон кишварҳои зиёд кумакҳои башардустона ирсол намуданд. Аммо, дар ҳамин ҳол, бархе аз намояндагони ҷомеъаи байнулмилалӣ дар тақсими шаффоф ва одилонаи ин кумакҳо шак пайдо карданд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин маврид назари Грем Лотен, сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистонро пурсон шуд:

«Ба назари ман, тақсими кумакҳои башардустона хеле муҳим аст. Ва то ҷое феълан мо медонем ин кумакҳо ба одамони воқеъан ниёзманд расонида мешаванд. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз ҳукумати Тоҷикистон барои назорати тақсими кумакҳои башардустона хоста буд, ки гуруҳи фаврии корӣ таъсис диҳад ва аммо мо посух ба дархости худро хеле зиёд интизор шудем. Аммо хушбахтона як моҳ дер ҳам бошад, ин мувофиқа ба даст омад ва муҳим аст, ки ин гуруҳ барои табодули маълумот оид ба таксими кумакҳои башардустона миёни ҳукумат ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ кор мекунад. Ин ҳамкорӣ ба он мусоидат мекунад, ки маҳсулотҳои ба кишвар ворид шуда, ба дасти оилаҳои муҳтоҷ бирасанд».

-Ҷаноби сафир, зарурати назорати тақсими кумакҳои башардустона дар чӣ аст? Ва чӣ боиси ба миён омадани чунин нобоварӣ гаштааст?

«Бисёре аз кумакҳои башардустона дар натиҷаи дархости таъҷилии хукумати Тоҷикистон тариқи оҷонсиҳои СММ ва созмонҳои байнулмилали ирсол карда шудаанд. Аз ин ру, он кишварҳое ки кумак расонидаанд, аз ҷумла давлати ман ки беш аз 3 миллион доллар равон кард, мехоҳанд донанд, ки ин маблағҳо чӣ гуна истифода шудаанд. Бисёр хуб мешавад, агар тавассути ахбори умум оид ба ҷараёни тақсими он кумакҳое, ки бевосита ҳукумати Тоҷикистон гирифтааст, маълумоти зарурӣ интишор гардад».

-Ҷаноби Грем Лотен, дар доираи сафари худ ба шаҳри Кулоб ва ноҳияи Шуробод, ки бо мардум ва созмонҳои байнулмилалии зидахл мулоқот доштед, оё ҳодисаҳои тақсими ноодилонаи кумакҳои башардустонаро мушоҳида кардед?

-«Таксимоти ин мавод дар ҳолати ибтидои қарор дорад ва ман ҳоло ягон чизеро ки боиси тааасуф бошад мушоҳида накардаам. Вобаста ба таксими кумакҳои ҳукумати Бритониё мо бунёди наҷоти кудаконро масъул кардаем, ки онҳоро қабул намоянд. Аллакай як қисми кумакҳоро ин созмон ба марудми навоҳи Ховалинг ва Балҷувон таксим шудааст. Хурсандам ки онҳо ин маводҳоро дар як шакли дурусти ташкили кор ба одамони ниёзманд расонидаанд. Тайи ду се ҳафтаи охир расонидани кумакҳои башардусмтона идома хоҳад ёфт ва умедворам оид ба ҷараёни таксими он ба ман иттилоъ хоҳад расид. Ҳамчунин тайи ду се ҳафтаи оянда ният дорам ба минтакаҳои дигари кишвар сафар карда вазъро беҳтар омузам».

-Ташаккури зиёд, ҷаноби Грем Лотен, дар поёни суҳбат мехостам ба як суоли дигар посухи шуморо бифаҳмам. Тибқи мушоҳидаи ман вақте шумо бо намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва расмӣ оид ба вазъи зиндагӣ ва мушкилоти рузгори онҳо пурсон мешудед, ҳарчанд воқеъият ба ҳама маълум аст, аммо бархе аз онҳо кушиш мекарданд, ки вазъи мардумро хуб ва бидуни мушкил нишон диҳанд. Бигуед, ки то куҷо ин тарзи корбари барои рушди ҷомеъа мусоидат мекунад?

«Ман ҳам ҳамин чизро мушоҳида кардам, баъзан мақомоти иҷроия гузорише медиҳад, ки иттилоъи аз он маълумоте ки зимни суҳбат аз марудм бар меояд фарқ мекунад. Мо бояд ки мушкилоте, ки чи дар соҳаи маориф, беҳдошт, энержи ва дигар соҳаҳо аст, бояд кушоду равшан ва бо эътимод ба ҳамдигар ҳал кунем. Аммо ин барои мардум таҷрибаи наваст. Максад гунаҳгор кардани нафаре нест, балки ҳадаф ин аст,ки чи гуна ҷомеъаи ҷаҳони бо ҳукумат дар роҳи тараққиёт ва пешрафти Точикистон метавонанд ҳамкорӣ кунанд. Вақте ки озоду самимӣ дар бораи мушкилот сухан ронда мешавад, ҳамон қадар зудтар онҳо ҳали худро пайдо мекунанд».

XS
SM
MD
LG