Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин: муборизаи "ҳаёт ё марг" бо Далай Лама


Як мақоми баландпояи Чин дар Таббат мегуяд, ҳукумат дар бораи сарнавишти ояндаи ин минтақа дар муборизаи "ҳаёт ва марг" бо Далай Лама машғул аст. Дар ин бора Жанг Қинлӣ-Дабири Ҳизби куммунисти Таббат изҳорот додааст, ки расонаҳои хабариииЧин чоп кардаанд. Раҳбарони Чин Далай Ламаро дар созмон додани тазоҳуроти эътирозӣ ва ба хатар андохтани бозиҳои тобистонаи Олимпӣ дар Пекин муттаҳам кардаанд. Далай Лама-раҳбари табъидии буддоиҳо ин иттиҳомотро рад кардааст ва хостааст ба хушунатҳо хотима диҳанд. Раҳбарони табъидии Таббат мегуянд, ба бовари онҳо, дар дагириҳо бо нируҳои амниятии Чин дар Лосо тақрибан сад нафар кушта шудаанд. Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Кумитаи тадорукотии бозиҳои Олимпии Чин мегуяд, бо вуҷуди нооромиҳои ахир дар Таббат машъали Олимпӣ аз Таббат ва қуллаи куҳи Эверест мегузарад.
XS
SM
MD
LG