Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Станишич мавқуф гузошта шуд


Додгоҳи низомии Ҳейг ваё Гаага мурофиаи додгоҳӣ дар баробари Ёвитса Станишич, собиқ раиси хадамоти кашфи Сербистонро бино ба ҳозир нашуданаш ба мурофиа мавқуф гузошт. Сабабҳои ба мурофиа наомадани Станишич рушан нест. Қаблан вакилони мудофеъи ӯ чандин бор талош карданд, ки аз баргузории ин мурофиа ҷилавгирӣ кунанд ва мегуфтанд, ки шахси таҳти ҳимояташон мариз аст.

Станишич ва нойиби пешини ӯ Франко Симатович бо иттиҳоми ҷиноёт алайҳи башарият замони низоъ дар Босния ва Хорватия дар соли 90-уми қарни гузашта ба Додгоҳи Ҳейг интиқол ёфтаанд. Ва аммо онҳо то ҳол иттиҳомро ба гардан нагирифтаанд.

XS
SM
MD
LG