Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси СММ аз Митровитса бозхонда шуд


Дар шаҳри Митровитсаи Косово бар асари задухурд бо сербҳои маҳаллӣ беш аз 20 корманди пулиси Созмони Милали Муттаҳид ва низомиёни НАТО маҷрӯҳ шуданд. Баъд аз ин ҳодиса кормандони пулиси СММ аз манотиқи сербнишини шаҳр бозхонда шуданд. Ветон Илшанӣ, сухангӯи хадамоти пулиси Косово гуфт: “Баъди ҳамла бо истифода аз силоҳи оташфишон ва маводи мунфаҷира ба пулис амр карда шуд, ки ба қисмати шимолии Митровитса интиқол ёбад то ки неруҳои посдори сулҳ вазъро таҳти назорат бигиранд. Тасмими бозхонди онҳо ба хотири таъмини амният гирифта шудааст”.

Задухурд дар Митровитса баъди он шурӯъ шуд, ки пулис бинои додгоҳи Созмони Милалро таҳти назорат гирифт ва даҳҳо нафар аз ишғолгаронро боздошт кард. Ин биноро чанд рӯз пеш сербҳои маҳаллӣ ишғол карда буданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, издиҳоми мардум мошинҳои пулисро дар ҳалқа гирифт ва чанд тан аз боздоштшудагон аз ҷойи ҳодиса фирор карданд. Ба хотири пароканда кардани издиҳом пулис аз гази ашковар истифода кард.

XS
SM
MD
LG