Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Швейсария гази Эронро харидорӣ мекунад


Ширкати энерҷии Швейсария ва ҳукумати Эрон дар мавриди харидории миқдори бузурги гази Эрон ба созиш расиданд. Мишлин Калми Рей, вазири хориҷаи Швейсария баъди имзои ин созишнома дар Теҳрон иброз дошт, ки "ин санад ба таҳримҳои Созмони милал дар баробари Эрон мухолифат надорад".

Тибқи созиши ҳосилшуда, тайи 25 сол Эрон ба Швейсария ҳамасола панҷу ним миллиард метри мукаабӣ газ содир хоҳад кард. Интиқоли ин маводи сӯхт аз тариқи лулаи газе сурат мегирад, ки қарор аст бунёдаш соли 2010 поён ёбад.

XS
SM
MD
LG