Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷлосияи нахустини парлумони Покистон


Парлумони ҷадиди Покистон, ки дар он аксариятро мухолифони президент Парвиз Мушарраф ба даст овардаанд, имрӯз дар Исломобод ташкили нахустин иҷлосия мекунад. Аъзои дар интихоботи моҳи феврал интихобшудаи Маҷлиси Миллии Покистон, қарор аст, таҳти раҳбарии ҳизби мардумии раҳбари кушташудаи мухолифин Беназир Бҳутто як ҳукумати эътилофӣ ташкил кунанд. Ин ҳукумати эътилофӣ ҳамчунин ҳизби сарвазири собиқ Навоз Шарифро дар бар хоҳад гирифт.

Эътилофи ин ду ҳизб коҳиши салоҳиятҳои раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф ва дар мақомҳояшон барқарор кардани ҳудуди 60 қозии баландпояро, ки Парвиз Мушарраф дар пайи ҷорӣ кардани вазъи фавқулодда дар кишвар дар моҳи ноябр аз мақом барканор карда буд, аз авлавиятҳои кори худ хондааст.

XS
SM
MD
LG