Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати дар ҳиҷрат қарордоштаи Тибет мегӯяд, дар бархӯрдҳои ахир миёни мақомоти Чин ва эътирозгарони тибетӣ 80 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тҳубтен Сампҳел сухангӯи ҳукумати муҳоҷири Тибет аз қароргоҳаш воқеъ дар Ҳиндустон афзуд, ки дар бархӯрдҳо ҳамчунин 72 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Чин изҳор намудааст, ки рӯзи ҷумъа тибетиҳо, 14 март биноҳоро ба коми оташ кашида, сокинони чиниро сангсор карданд.

Ин манбаъ илова кардааст, ки дар натиҷаи шадидтарин рӯёрӯии тибетиҳо бар зидди ҳукумати Чин дар бист соли ахир даҳ кас кушта шуданд.

Кишварҳои ғарбӣ аз ҳаводиси Тибет нигарон шудаанд. ИМА аз мақомоти Чин даъват кард, ки аз таҳаммул кор гирад

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG