Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Эшони Дароз шурӯъ шуд


Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи Эшони Дароз, яке аз фармондеҳони саршиноси нерӯҳои мухолифини пешини тоҷикро шурӯъ кард.

Сухангӯи Додгоҳи олӣ гуфт, Фатҳуллои Хайриддин (Фатҳулло Тоҷиддинов) мулаққаб ба Эшони Дароз барои даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир, серзанагӣ ва сӯиистифода аз мақоми давлатӣ муттаҳам мешавад. Гуфта мешавад, Фатҳуллои Хайриддин, фармондеҳи собиқи Иттиҳоди мухолифини пешин, тобистони соли 2007 аз тарафи маъмурони пулис боздошт ва то ин замон дар боздоштгоҳи муваққат таҳти тафтиши муқаддамотӣ қарор доштааст.

Манобеъи расмӣ мегӯянд, Эшони Дароз то моҳи марти соли 2007 дар идораи минтақавии мубориза алайҳи ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар навоҳии тобеъи марказ қумандонии як гурӯҳи вижаи зудамалро ба ӯҳда доштаааст. Дар ин муддат ӯ соҳиби рутбаи низомии сарҳанги умури дохила низ шудааст.

Фатҳуллои Хайриддин, мулаққаб ба Эшони Дароз дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997-и Тоҷикистон яке аз фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи оппозисиюни тоҷик дар ноҳияи Ваҳдат буд, ки ба қумандони дигари оппозисиюни тоҷик Мулло Абдулло итоат мекардааст. Баъд аз напазируфтани шароити Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ аз сӯи Мулло Абдулло, Эшони Дароз яке аз аввалин фармондеҳони мухолифини тоҷик будааст, ки якҷо бо размандагонаш бо нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамоиш мекунад.

Вай як баталйони махсуси вазорати дохиларо дар ноҳияи Ваҳдат то чанд муддат роҳбарӣ карда ва тибқи иттиллои манобеи мустақил, дар амалиёти саркӯбӣ ва маҳви нерӯҳои вафодор ба Раҳмон Сангинов ё Раҳмон Гитлер ва Мансур Муаккалов - ду тан аз фармондеҳони мухолифин, ки бо ҳукумати марказӣ дар тобистони соли 2001 даргир шуда буданд, ширкат кардааст. Падари ӯ Эшони Хайриддин то чанд муддат раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар ноҳияи Ваҳдат будааст.

XS
SM
MD
LG