Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон 41 ҷангии Толибон кушта шудаанд


Волии вилояти Нимрӯзи Афғонистон Ғулом Дастагири Озод гуфт, нирӯҳои урдуи миллӣ ва нирӯҳои эътилофӣ дар як задухӯрд дар ҷануби Афғонистон 41 ҷангии Толибонро ба ҳалокат расондаанд. Волии Нимрӯз гуфт, гурӯҳи ҷангиён вақте ҳадафи ҳамлаи нирӯҳои муштарак қарор гирифт, ки тавассути қаламрави вилояти Ҳилманд ҳаракат мекард. Ғулом Дастагири Озод гуфт, задухӯрд 4 соат идома дошт ва дар ҷараёни он аз ҳимояти нирӯҳои ҳавоӣ низ истифода шудааст.

XS
SM
MD
LG