Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кочариян ҳалқаи вазъи изтирориро сусттар кард


Раисиҷумҳури Арманистон, Роберт Кочариян, имрӯз баъзе маҳдудияти кори расонаҳои хабариро, ки пас аз беназмиҳои хиёбонии марбут ба интихобот ҷорӣ карда буд, бекор кард. Кочариян рӯзи якуми март барои 20 рӯз вазъи изтирорӣ эълон карда буд, ки тибқи он, ҳама гуна тазоҳурот мамнӯъ ва нақли иттилоъи расмӣ дар расонаҳо маҳдуд шуд. Вай имрӯз баъзе маҳдудиятҳои кори матбуотро лағв кард, аммо мамнӯъияти нашри "иттилоъи мусалламан дурӯғ ва нооромкунандаи ҷомеъа"-ро нигоҳ дошт. Вай инчунин иҷозаи пешакиро барои интишори варақаҳои сиёсӣ нозарур донист.
XS
SM
MD
LG