Сафири Амрико дар Беларус дирӯз дар идомаи таниши бархоста бар сари таҳримоти алайҳи ин кишвар эълонкардаи Амрико Минскро ба қасди Вошингтон тарк гуфт. Сафорат хуруҷи сафир Карен Стюарт аз Беларусро таъйид карда, вале нагуфтааст, ки ӯ кай ба Минск бар хоҳад гашт.
Дар ҳафтаи гузашта, Беларус сафири худро аз Вошингтон фаро хонда, аз сафири Амрико ҳам даъват кард, Минскро тарк кунад. Вазорати хориҷаи Беларус гуфт, ин иқдом дар пайи аз сӯи Амрико ҷорӣ шудани таҳримоти ҷадид бар зидди ширкати “Белнефтехим” рӯи даст гирифта шудааст.