Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои гимни Косово озмун эълон шудааст


Парлумони Косово барои таронаи миллии ин кишвари тозаистиқлол озмун эълон кардааст.

Вакилони парлумони Косово дар изҳороте, ки дар матбуот нашр шуд, хостори як гимни “асил ва бемислу беҳамто” барои ин кишвар шуда, гуфтаанд, таронаи миллии Косово бояд ба гимни ҳеҷ як кишвари дигар ё ҳизбу гурӯҳи дигар монанд набошад.

Озмун барои 20 рӯз эълон шуда, барои барандааш 10 000 евро ҷоиза низ муқаррар кардаанд.

Косово дар моҳи феврал худро аз Сербистон мустақил эълон кард. Бо вуҷуди мухолифати Белград ва муттаҳидаш –Маскав, то кунун аксари кишварҳои Ғарб истиқлолияти Косоворо эътироф кардаанд.

XS
SM
MD
LG