Зоҳиран хабари ду маротиба боло бурдани қиммати гази содиротии кишварҳои Осиёи Марказӣ пеш аз ҳама раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистонро такон дод, ки пойбанди гази содиротии Ӯзбакистону Қазоқистону Туркманистон мебошанд.
Соли гузашта вақте Ӯзбакистон хост, қиммати газро то 200 доллар барои ҳазор метри мукааб боло барад, мақомоти Қирғизистону Тоҷикистон баъди музокироту пуршиддату тулонӣ тавонистанд, қиммати газро дар ҳадди то 145 доллар барои ҳазор метри мукааб поён баранд. Дар соли 2006 ҳарду кишвар гази Ӯзбакистонро сад долларӣ мехариданд ва пештар аз он беш аз 50 долларӣ.
Танҳо мӯъҷиза метавонад, Тоҷикистону Қирғизистонро аз пардохтани чунин қиммат барои газ эмин нигаҳ дорад, вале агар Ӯзбакистон газро бо қиммати бозорҳои аврупоӣ, яъне бештар аз 300 доллар ба Тоҷикистону Қирғизистон фурушад, пас ин ба кисаи мардум ва ҳамчунин ба иқтисодҳои ҳарду кишвар зарбаи сахте хоҳад зад.
Метю Клемент, коршиноси муассисаи мутолиотии Ҷейнс мегӯяд, воқеан иқтисодҳои пойбанд ба гази содиротии Тоҷикистону Қирғизистон ин гуна қимматро таҳаммул нахоҳанд кард. Аммо ҳоло маълум нест, ки чунин сарнавишт Тоҷикистону Қирғизистонро интизор ҳаст ё не, зеро қиммати газ барои ҳамсояҳои ба қавле наздик ҳангоми музокироти дуҷониба таъйин мешавад. Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати Тоҷикгаз дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:
“Ба мо ҳоло чизе дар ин масъала нагуфтаанд. Ин асосан охири сол маълум мешавад, моҳҳои октябр (нархи газро) пешниҳод мекунанд. Мо ин хабарҳоро хонда истодаем, вале ҳоло хабари расмӣ нагирифтаем. Мо қарордод то охири сол дорем, охири сол ин масъала маълум мешавад.»
Раиси Иттиҳодияи фурушандагони нафт дар Қирғизистон ва муовини собиқи нахуствазири Қирғизистон мегӯяд, агар нарх боло бурда шавад, онҳо чунин қудрат ва пул надоранд, ки барои ҳар ҳазор метри мукааб гази табиӣ 300 доллар пардозанд.
Ин дар ҳолест, ки равобити истифодабарандгони газ, яъне Тоҷикистону Қирғизистон ва фурушандаи он Ӯзбакистон шоистаи тавсиф нест ва масъалаи газ дар гузашта боиси ҷанҷолҳо миёни ин кишварҳо шудааст. Худи мардуми камбизоати кишварҳои харидори газ, аз ҷумла Тоҷикистон аз шунидани гарон шудани қиммати газ ғамгину маъюс шудаанд. Як сокини Душанбе дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:
“Ҳатто мо пешакӣ пули газро пардозем ҳам гоҳ вақт медиҳанд, гоҳ вақт не. Мардум ки худ маоши кам доранд, бо боло рафтани қиммати газ азоби сахт хоҳанд кашид. Мо намедонем чӣ кор кунем. “
Ҳамингуна мардуми кишварҳои бенасиби газ дар қаламрави шӯравии собиқ бо гази арзон имсол хайрбод мегӯянд, вале ҳарфи ниҳоӣ доир ба қиммати газ барои соли ояндаро зоҳиран мақомот ва мардуми Тоҷикистон ба зудӣ ва ё дери дер тавре Шавкат Шоимов муовини мудири ширкати “Тоҷикгаз” гуфт, моҳи октябр хоҳанд шунид.