Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як иттиҳом алайҳи Зардарӣ лағв шуд


Додгоҳи Покистон яке аз иттиҳомот алайҳи Осаф Алӣ Зардариро лағв кард. Зардарӣ, шавҳари хонум Беназир Бҳутто, сарвазири пешини Покистон, ки охирҳои соли гузашта бар асари як ҳамлаи террористӣ ба ҳалокат расид, баъд аз марги хонумаш раёсати Ҳизби мардумиро бар дӯш гирифт ва пирӯзии ҳизб дар интихоботи порлумониро таъмин кард. Алайҳи Осаф Задарӣ бо иттиҳоми ришвату фасод ду парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Таҷдиди назари парвандаи дуюм рӯзи ҷумъа сурат мегирад.

Дар сурати лағви ҳама иттиҳомот Зардарӣ метавонад яке аз мақомҳои калидӣ дар ҳукумати нави Покистонро соҳиб шавад.

XS
SM
MD
LG