Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳдои Туркия ба курдҳои муқими кишвар


Туркия эълом дошт, ки барои рушди минтақаи курднишин дар ҷанубу шарқи кишвар 12 миллирд доллар ҷудо мекунад. Ин як бахши барномаи коҳиши ошубгарони ҷудоихоҳ аз сӯи мардуми маҳаллист. Раҷаб Тайид Эрдуғон, сарвазири Туркия дар сӯҳбат бо рӯзномаи “Ню Йорк таймс” гуфтааст, ки ҳукумат ҳамчунин пахши барномаҳои радиоиву телевизионӣ бо забони курдиро матраҳ кардааст.

Ин изҳорот ба думболи як амалиёти низомии Туркия алайҳи ошубгарон аз Ҳизби коргарони Курдистони мустақар дар шимоли Ироқ пахш шуд. Пойгоҳҳои мусаллаҳони ин ҳизб асосан дар манотиқи курднишини ҷануби Туркия ва шимоли Ироқ ҷойгиранд.

XS
SM
MD
LG