Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизб-ут-Таҳрир созмони ифротӣ шинохта шуд


Додгоҳи Олии Тоҷикистон бар асоси дархости додситони кулли ин кишвар Бобоҷон Бобохонов гурӯҳи мазҳабии Ҳизб-ут-Таҳрирро шомили феҳрасти созмонҳои ифротгаро кард.

Додгоҳ ҳамчунин фаъолияти саҳифаи интернетии Ҳизби Таҳрирро дар қаламрави Тоҷикистон манъ кардааст. Бо ҳукми додгоҳ, ба Тоҷикистон ворид кардани наворҳои садоиву тасвирӣ ва адабиёти марбут ба ин гурӯҳ низ манъ мешавад.

Ҳизб-ут-Таҳрир гурӯҳи мазҳабиест, ки ба хотири ташкили як хилофати воҳиди исломӣ мубориза мебарад, вале мегӯяд, ки дар роҳи ин мубориза истифода аз хушунатро радд мекунад. Фаъолияти ин гурӯҳ дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG